ҲАМКОРИИ ПАЛАТАИ САНОАТ ВА САВДОИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Август 11, 2009 15:13

                  Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндагони палатаҳои савдо ва саноати қисмати ғарбии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии Ғулом Қодири Акбар мулоқот гузаронд. Зимни мулоқот роҳу усулҳои равнақу ривоҷи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду мамлакати ҳамсоя муҳокима шуданд.                  Ш. Саидов меҳмононро бо соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон шинос кард, ки ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ доранд, инчунин сухан дар бораи натиҷаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар рафт.                 Тарафайн масъалаҳои дуҷонибаи байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Афғонистонро муҳокима карда, қарор доданд, ки меморандуми ҳусни тафоҳум имзо кунанд.

Август 11, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд