ҲАМКОРИИ СММ ВА СААД ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Август 24, 2009 16:11

                       Маскав, 24 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Мувофиқи қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 14 июни соли 2009 намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Виталий Чуркин аз номи намояндагони доимии давлатҳои аъзои СААД ба Муншии умумии СММ Пан Ги Мун мактуб фиристода, хоҳиш кард, ки ба рӯзномаи иҷлосияи 64 — уми Маҷмаи кулли СММ банди иловагӣ таҳти унвони «Ҳамкории СММ ва СААД» зам карда шавад. Дар шарҳи мактуб аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар давраи ҳозираи муносибатҳои байналхалқӣ тамоили вобастагии халқҳо ва мамлакатҳо торафт бештар мушоҳида мешавад. Илова бар ин нақши сиёсии созмонҳои минтақавии давлатҳо торафт пурзӯр мегардад. Ин вазъият хусусан дар ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбию сиёсӣ, таъмини амният, муборизаи муштарак ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира равшан зоҳир мегардад.                   Дар ҳуҷҷат зикр карда шудааст, ки дар ҳамаи ин самтҳо омезиши шадиди манфиатҳои СММ ва созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла, СААД ба назар мерасад. Бинобар ин муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории СММ ва СААД аҳамияти калон дорад. Дар робита давлатҳои аъзои СААД пешниҳод мекунанд, ки дар иҷлосияи 64 — уми Шӯрои амнияти СММ дар бораи ҳамкории ҳар ду созмон қатънома қабул карда шавад.

Август 24, 2009 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад