ҲУНАРҲОИ ДАСТИИ ТОҶИКОН ДАР ЭКО

Август 6, 2009 15:55

                  Душанбе, 6 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар муассисаи фарҳангии ЭКО воқеъ дар Теҳрон гӯшаи ҳунарҳои дастии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Гӯшаи дастони моҳири ҳунармандони чирадасти тоҷик бо ибтикори Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев созмон дода шуд, ки таҷассумгари тамаддуни пурғановати тоҷикон аст.                 Ин гӯшаро намунаи ҳунарҳои дастӣ, бахусус тоқии кулобӣ, ҷӯробҳои бадахшонӣ, кордҳои истаравшанӣ, парчами миллӣ ва харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сангҳои қимматбаҳои кӯҳистони тоҷик сохта шудааст, зинат бахшида, таваҷҷӯҳи ҳар бинандаро вориди дунёи ҳунарҳои асили мардуми тоҷик мегардонад.                  Тибқи иттилои коршиноси умури фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо, қарор аст, ки 9 кишвари дигари аъзои ЭКО иқдоми дипломати тоҷикро дастгирӣ намуда, дар оянда гӯшаҳои ҳунарҳои дастии кишварҳояшонро дар муассисаи фарҳангии ин созмони бонуфуз-ЭКО созмон хоҳанд дод.

Август 6, 2009 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад