ҲУНАРМАНДОНИ НАВРАСИ ТОҶИК ДАР БЕЛОРУС ДАРСИ МАҲОРАТ ГИРИФТАНД

Август 27, 2009 12:07

               Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Хонандагони мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Ваҳдат ва мактаби санъати ноҳияи Ҳисори тобеи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар «Мастер-класс» (дарси маҳорат), ки бахшида ба 165-солагии рассоми бузурги рус Илья Репин дар Ҷумҳурии Белоруссия давоми 15 рўз баргузор гардид, иштирок намуданд.                 Дар он профессорони Институти истеҳсолии давлатии рассомии ба номи С. Строгонов, аз ҷумла ректор Андрей Стасюг ва профессори академияи рассмонони Белорус Михаил Брозна ба иштирокчиён дарс гуфтанд.                Иштирокчиёни «Мастер-класс» 20 нафар талабагони мактабҳои рассомӣ аз синни 13 то 17-сола аз Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдавия, Ўзбекистон, Украина, Русия ва Тоҷикистон буданд. Пас аз анҷоми дарси маҳорат ҳунармандони наврас таҷрибаи омўхтаи хешро ба маърази тамошои ҳакамон гузошта, соҳиби сертификати «Мастер-класс» шуданд.               Расм ва корҳои кулолии иштирокчиёни тоҷик – Зиёдулло Шарифзода ва Манучеҳр Зокирзода махсусан диққати ҳакамонро ба худ ҷалб намуда, ба онҳо баҳо баланд дода шуд.               Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Август 27, 2009 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд