ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ПЕШАКИИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ БАЧАГОН

Август 4, 2009 10:23

                     Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Аз Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки натиҷаҳои пешакии истироҳати бачагон дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва берунишаҳрӣ ҷамъбаст карда шуданд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда дар мавсими имсола ба истироҳатгоҳҳои тобистона бештар аз 400 ҳазор талабаи мактаб ва бачагони хурду калонсол фиристода шуданд.                      Хабар дода мешавад, ки 2 август дар истироҳатгоҳи «Ҷавонӣ» дар назди осоишгоҳи «Қаратоғ» навбати сеюми истироҳатӣ анҷом ёфт. Дар ин ҷо дар навбати сеюм аз ноҳияи Хуросон сад нафар бачагон истироҳат карданд.                     3 август бештар аз сад нафар талабагони мактабҳои миёна аз оилаҳои камбизоату мӯҳтоҷ ба истироҳатгоҳи «Насими кӯҳсор» фиристода шуданд. Инчунин 120 нафар талабагони мактабҳои миёна дирӯз ба истироҳатгоҳи «Афсонаи кӯҳистон» омаданд, ки дар дараи Ромит воқеъ аст. Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи соҳаи энергетика маблағи роҳхати онҳоро аз ҳисоби худ пардохт.

Август 4, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд