ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУРУДҲОИ МИЛЛӢ

Август 26, 2009 14:50

                 Самарқанд, 26 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — 25 август дар шаҳри Самарқанд ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии сурудҳои миллӣ таҳти унвони «Оҳангҳои Шарқ» кушода шуд.                 Дар он овозхонон ва мутрибони 50 мамлакати ҷаҳон ширкат меварзанд. Ҷашнвора чун анъана дар майдони Регистон баргузор мегардад.                  Сардори раёсати санъати вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмурод Малиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки имсол аз Тоҷикистон дар ҷашнвораи мазкур овозхони маъруф аз шаҳри Хуҷанд Малоҳат Абдушукурова иштирок мекунад.                  Ҷашнвора бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон аз соли 1997 сар карда бо мақсади ташвиқу тарғиби санъату ҳунари волои мардуми Шарқ, нигоҳ доштан ва ташаккул додани анъанаҳои миллии мусиқӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи гиромӣ доштани мусиқии классикӣ, вусъат бахшидани равобити байналхалқии эҷодӣ, тараннуми ғояҳои сулҳу дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории фарҳангии байни халқҳо гузаронида мешавад.                   Ба ғолибони ҷашнвора аз 3 то 10 ҳазор доллари ИМА мукофот дода хоҳад шуд.

Август 26, 2009 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд