&#1262ЗБЕКИСТОН БА КУШОДАНИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН МУКОБИЛ АСТ

Август 5, 2009 10:47

                       Тошканд, 5 август. (АМИТ «Ховар» — Газета. УЗ.). — Ӯзбекистон изҳор намуд, ки дар қисмати ҷанубии Қирғизистон кушода шудани пойгоҳи нави низомии Русия дар шароити имрӯза ягон зарурат надорад. Дар хабари агентии иттилоотии «Ҷаҳон» — и Ӯзбекистон гуфта мешавад, ки ҷой додани пойгоҳҳои низомӣ дар минтақаи мазкур, дар ҷое, ки хати сарҳади се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ — Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳамдигар мепайванданд, сабаби муташанниҷ гардидани вазъият, паҳн гардидани аслиҳа ва тақвияти муқовимат дар байни мамлакатҳои минтақа гардида метавонад.                      Президентҳои Русия ва Қирғизистон 1 август дар бораи ҷой додани пойгоҳи нави низомии Русия дар Қирғизистон ва бо ин роҳ вусъат додани ҳамкории ҳарбӣ созишнома имзо карда буданд. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки то 1 ноябр дар бораи мақоми пойгоҳи нави низомӣ ва шартҳои фаъолияти он дар Қирғизистон созишномаи нав имзо хоҳанд кард. Мӯҳлати фаъолияти пойгоҳи низомӣ 49 сол муқаррар карда мешавад ва он бо хоҳиши ҳар ду ҷониб баъдан дароз карда хоҳад шуд.                     Вале Ӯзбекистон ба тақвияти ҳузур ва нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ муқобилат нишон медиҳад. Дар замина зикр кардан лозим аст, ки Ӯзбекистон соли 2001 пойгоҳи низомии Амрикоро дар қаламрави худ ҷой дода буд. Вале баъди маҳкум кардани амалиёти ҳарбии бераҳмонаи мақомоти Ӯзбекистон дар Андиҷон соли 2005 пойгоҳи низомии ИМА дар Ӯзбекистон барҳам дода шуд. Баъди ин Тошканд узвияти худро дар СААД барқарор намуд. Инчунин Ӯзбекистон ҳамроҳи Белорусия ба созишномаи ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилии СААД ҳамроҳ нагардид. Тавре мушоҳида мешавад, роҳбарияти Ӯзбекистон дар давоми ду соли охир роҳҳои барқарор сохтани муносибатҳояшро бо ИМА ҷустуҷӯ менамояд.

Август 5, 2009 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд