16,9 ФОИЗ КАРТОШКА ҶАМЪОВАРӢ ШУД
Душанбе, 25 август, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ картошкапарварон ҷамъоварии картошкаро ба 227,1 ҳазор тонна расониданианд. То 17 — уми августи соли ҷорӣ зиёда аз 38, 3 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин баробари 16,9 фоизи нақшаи умумии ҷамъоварии картошка дар соли 2009 мебошад. Ҷамъовар и картошка нишон дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 аз ҳар гектар 4,1 сентнерӣ камтар ҳосил гирифтанд. Ба тарзи дигар, агар картошкапарварон дар моҳи августи соли 2008 аз ҳар гектар 172,2 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда бошанд, имсол аз ҳар гектар ҳамагӣ 168,1 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шудааст. Рӯзҳои охир баробари суст шудани воридоти картошка ба бозорҳои пойтахт нархи он 20 — 25 фоиз нисбати аввали моҳи август боло рафта аз 1 сомонӣ ба 1 сомонию 40 дирам ва 1 сомонию 60 дирам расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






