5 ҲАЗОР ЕВРО БАРОИ ТАЪМИРИ МАКТАБ

Август 27, 2009 16:03

                Бадахшон, 27 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Мегӯянд, то кӯдак гиря накунад, модар ӯро шир намемаконад, яъне то наҷунбӣ чизе ба даст намеояд. Бинои дуюми мактаби миёнаи рақами 22-и деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнон чанд сол боз дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, аммо дунболи беҳбудии кор касе нашуд.               Ибтидои соли ҷорӣ устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Юсуфбек Шодмонбеков ба хотири таъмиру азнавсозии ин бино лоиҳаеро ба сафоратхонаи Олмон фиристонд. Дар арафаи соли нави таҳсил сафири Олмон дар Тоҷикистон Клаус Фляйшман аз ин мактаб дидан кард ва лоиҳаро маъқул донисту ваъда дод, ки 5 ҳазор евро кӯмак мерасонад.

Август 27, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд