АКСИЯИ «ТОЗАГИИ СОҲИЛ» БОЯД ДОИМӢ БОШАД
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» ба ҳукми анъана даромадааст. Соли ҷорӣ он аз 3 то 30-юми май дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида шуд, ки дар он 104 ҳазору 456 нафар шаҳрвандон иштирок карда, зиёда аз 630 км соҳили дарёҳо, каналҳои калон, обанборҳо ва дигар манбаҳои обро тоза намуданд. Ҳангоми гузаронидани аксия 1322 мз партовҳои маишию истеҳсолӣ ба партовҷойҳои расмӣ бароварда шуданд. Боиси ёдоварист, ки дар ин чорабинии муҳим ҳамаи раёсатҳои вилоятӣ шӯъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд. Боиси тазаккур аст, ки гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» як маротиб дар як сол ин як худнамоист. Ба ҳамагон маълум аст, ки ифлосшавии об тобистон ҳангоми ба соҳили кӯлу дарёҳо ҷамъ шудани одамон сар мезанад ва онҳо аз худ ҳазорон тонна пасмондаҳоро боқӣ мегузоранд, ки боиси ифлосшавии муҳит ва оби кӯлу дарё ва ҷую каналҳо мегардад. Кӣ надидааст, ки дар шаҳр ҳар пагоҳ аз ҷӯю роҳ даҳҳо мошин партовҳо бароварда мешаванд, пас, магар зарур аст, ки мо аксияи «Тозагии соҳил» — ро дар як сол як маротиба гузаронем? Ба андешаи мо, гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» дар маркази шаҳру ноҳияҳо ҳафтае як маротиб ва дар соҳили кӯлу дарё, ҷӯю каналҳо ҳар моҳ бо тавридоимӣ гузарониданаш аз аҳамият холӣ нест.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






