АСРОРИ МАРГИ ОВОЗХОНИ МАШҲУР
Сакраменто, 11 август.(АМИТ «Ховар» — РБК.ру.) — Политсияи Калифорния аз нашри натиҷаҳои таҳқиқ ва ташхиси ҷасади овозхони машҳур Майкл Ҷексон худдорӣ менамояд. Дар хабари политсия гуфта мешавад, ки натиҷаҳои ташхис бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиши сабабу ҳолатҳои марги овозхон чоп карда намешаванд.Дар хабар омадааст, ки натиҷаҳои ташхиси узвҳои дохилии ҷасади овозхон тайёр карда шудаанд. Ин натиҷаҳо вақте нашр карда мешаванд, ки тамоми шубҳаҳои мавҷуда аз байн бардошта шаванд. Алҳол маълум нест, ки ҷасади М.Ҷексон дар куҷост. Аз рӯи баъзе хабарҳо, ҷасади овозхонро дар қабристони Форест Лавн дафн кардаанд. Аммо хешу таборони овозхон ин хабарро тасдиқ накарданд. Тавре хабар дода шуда буд, М.Ҷексон 25 июн дар шифохонаи Донишгоҳи Калифорния вафот кард. Овозхон ҳамагӣ 50 — сола буд. Мақомоти тафтишотӣ ба вафоти табиии овозхон шубҳа карда, ҷасади ӯро мавриди таҳқиқу ташреҳ қарор доданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






