АЗ БЕМОРИИ СӮХТАНӢ КАСЕ НАФАВТИДААСТ

Август 31, 2009 11:29

                     Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- РИА «Новости» дар оид ба фавти 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз бемории сӯхтанӣ иттилоъ додааст.                     Муовини вазири тандурустӣ Аъзамҷон Мирзоев иттилои РИА «Новости» — ро дар бораи фавти одамон аз бемории сӯхтанӣ рад кард. онро як навъ истинод нисбати маълумот дар Вазорати тандурустӣ хонд.                     Ба гуфти ҳамин манбаъ, сар задани бемории сӯхтанӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои ба чорводорӣ машғул аз эҳтимол дур нест. Соли гузашта 15 нафар гирифторони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуданд. Соли ҷорӣ ҳамагӣ 10 нафар мубталои ин беморӣ гардида бошанд ҳам, аммо касе бар асари он нафавтидааст.                     -Асосан он бемориҳое, ки ба қайд гирифта шудаанд, намуди пӯстии ин беморӣ мебошанд ва мубталоёни он дар давоми 10 — 15 рӯз пурра шифо меёбанд, — гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини вазир Аъзамҷон Мирзоев. Аз чӣ бошад, ки рӯзноманигорони Русия аз рӯи ғараз нисбати фаъолияти Вазорати тандурустӣ ба истинод хабарҳо пахш менамоянд, — афзуд А. Мирзоев.

Август 31, 2009 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад