АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲО КОҲИШ ЁФТААСТ

Август 26, 2009 08:55

                 Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Азхудкунии заминҳо дар ҷумҳурӣ сол то сол коҳиш меёбад.                 Бино ба гуфти раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҷалил Пириев, суръати азхудкунии заминҳои нав солҳои охир нисбат ба солҳои 1991 аз 12 то 0, 9 ҳазор гектар дар як сол коҳиш ёфтааст. Ин дар мавридест, ки шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ сол аз сол афзоиш меёбад.                 — Бо зиёд шудани шумораи аҳолӣ азхудкунии заминҳо низ бояд зиёд гардад, ва гар на таъмини аҳолӣ бо озуқа кам шуда, амнияти озуқавории кишвар халалдор мегардад ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, махсулоти чорво ; гӯшт, шир, тухм боз ҳам коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки суръати азхудкунии заминҳои нав ҳамасола аз 5 то 10 ҳазор гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Аммо тавре ки мушоҳида мегардад, ҳар сол ба ҷои азхудкунии заминҳо аз 4 то 8 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда аз истифода берун мемонанд,- мегӯяд олим.                 Соли 2007 аз 718,9 ҳазор гектар замини обёришаванда 7,2 ҳазор гектар мавриди истифода қарор наёфт. Соли ҷорӣ 80 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда бо сабабҳои дучоршавӣ ба эрозия аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуданд. Ин боис шуд, ки соли ҷорӣ нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохили кишвар боз ҳам боло равад.

Август 26, 2009 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд