АЪЗОИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТКОР ҲАБС КАРДА ШУДАНД

Август 3, 2009 16:46

                        Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон мувофиқи моддаи 187 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои узвияташон дар гурӯҳи ҷинояткор ба ҳабс гирифта шуданд. Суди олии ҷумҳурӣ дар ин бора 31 июл ҳукм баровард. Роҳбари дафтари матбуоти Суди олӣ Ҳазратулло Иброҳимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки синни маҳкумшудагон 21 — сола буда, панҷ нафарашон ба мӯҳлати 8 сол ва як нафар ба мӯҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.                      Ҳ.Иброҳимов зикр намуд, ки шахсони мазкур моҳи феврали соли равон баъди бозгашташон аз Афғонистон дастгир карда шуданд. Онҳо дар ин ҷо дар яке аз мактабҳои Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон таҳсил мекарданд.

Август 3, 2009 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд