БА ҲАР ОИЛАИ КАМБИЗОАТ 8 ФУРӮЗОНАКИ КАММАСРАФ

Август 6, 2009 09:41

                     Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки бо мақсади хариди фурӯзонакҳои каммасраф, ки дар асоси созишномаи дуҷонибаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ширкати «Arge Ligting» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расидааст, ба ҷумҳурӣ 2 млн. дона фурӯзонак ворид мешавад.                    Ин тадбир дар асоси Фармони Президенти кишвар «Оид ба чораҳои иловагии истифодаи босамари нерӯи барқ» андешида шудааст.                     Ба гуфти ҳамин манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 240 ҳазор оилаҳои камбизоат мавҷуд аст, ки онҳо бо сабаби боло рафтани нархи маводи барқӣ имкони харидории ин лампаҳоро надоранд.                    Ширкати мазкур аз Чин аллакай тавассути 4 қатора ба пойтахти кишвар фурӯзонакҳоро интиқол додаст.                     Аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз ҳисоби намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ комиссия дар бораи тақсими ин лампаҳо таъсис дода мешавад.                    Ҳар як оилаи камбизоат соҳиби 8 — тогӣ лампаи каммасраф мешавад.  

Август 6, 2009 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд