БА ҲАР ОИЛАИ КАМБИЗОАТ 8 ФУРӮЗОНАКИ КАММАСРАФ
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки бо мақсади хариди фурӯзонакҳои каммасраф, ки дар асоси созишномаи дуҷонибаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ширкати «Arge Ligting» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расидааст, ба ҷумҳурӣ 2 млн. дона фурӯзонак ворид мешавад. Ин тадбир дар асоси Фармони Президенти кишвар «Оид ба чораҳои иловагии истифодаи босамари нерӯи барқ» андешида шудааст. Ба гуфти ҳамин манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 240 ҳазор оилаҳои камбизоат мавҷуд аст, ки онҳо бо сабаби боло рафтани нархи маводи барқӣ имкони харидории ин лампаҳоро надоранд. Ширкати мазкур аз Чин аллакай тавассути 4 қатора ба пойтахти кишвар фурӯзонакҳоро интиқол додаст. Аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз ҳисоби намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ комиссия дар бораи тақсими ин лампаҳо таъсис дода мешавад. Ҳар як оилаи камбизоат соҳиби 8 — тогӣ лампаи каммасраф мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






