БАЙТОРҲОИ ТОҶИК ДАР ИМА ТАҶРИБА ОМӮХТАНД

Август 21, 2009 14:57

                Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Чанд рӯз пеш 10 нафар кормандони муассисаҳои байтории Тоҷикистон аз сафари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргашт. Онҳо бо ташаббуси созмони «Шӯрои мубодилаи мутахассисони ИМА» тибқи барномаи «Равобити ҷамоатҳо», ки барои мутахассисон ва соҳибкорону тоҷирони мамлакатҳои Евразия таҳия карда шудааст, тӯли се ҳафта дар шаҳри Де Мойни иёлати Айова таҷриба омӯхтанд. Ба ҳайат кормандони муассисаҳои байтории давлатию хусусии вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шомил буданд. Мутахассисони тоҷик дар оилаҳои амрикоӣ зиндагӣ карда бо коршиносони соҳаи байторӣ вохӯрда, таҷрибаи онҳоро омӯхтанд.                Менеҷери ташхиси доруҳои байтории филиали яке аз ширкатҳои хусусии шаҳри Душанбе Сӯҳроб Рустамов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки зимни сафар бо фаъолияти яке аз шифохонаҳои шахсӣ ва барномаҳои таълимии мактабҳои байтории ИМА шинос шудааст. Ман дар оилае зиндагӣ мекардам, ки дар он зану шавҳар ба табобати чорво машғул буданд. Онҳо чорвои беморро бо истифода аз асбобу анҷом ва таҷҳизоти навтарин ҷарроҳӣ мекарданд. Мутаассифона дар мо чунин асбобу анҷом вуҷуд надорад. Ман кӯшиш хоҳам кард, ки оянда баъзеи ин асбобу анҷомро ба Душанбе оварда, мавриди истифода қарор диҳам.               Духтури байтори шифохонаи хусусии байтории «Шифо» — и шаҳри Конибодом Аҳадҷон Аъзамов зикр намуд, ки омӯзиши таҷрибаи духтурони ҳайвоноти амрикоӣ, хусусан дар бобати ташхиси беморӣ фоидаи калон дорад. Дар фарҷоми сӯҳбат мутахассиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе Муяссара Тошматова ба ташкилкунандагони сафар изҳори сипос намуд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин мулоқот муовини сафири ИМА дар Тоҷикистон Ниша Куаст, муовини директори намояндагии Агентии рушди Амрико дар Тоҷикистон Кевин Дин ва мушовири Муассисаи озуқавории СММ Шарофҷон Раҳимов ширкат варзиданд.                                                                                                                  Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 21, 2009 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид