БЕШ АЗ 1 МИЛЛИОН НАФАР ТАЛАБА ПАСИ МИЗИ МАКТАБӢ МЕШИНАНД

Август 31, 2009 16:05

                  Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 1 миллион нафар талаба пагоҳ 1 сентябр дар Рӯзи дониш бо садо додани Занги аввал дар паси мизи мактабӣ менишинанд.                   Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев дар соли таҳсили 2009-2010 дар саросари ҷумҳурӣ 18 мактаби нав ба истифода супорида шуд, ки аз он 8 тоаш дар ноҳияҳои тобеи марказ, се мактаб дар вилояти Хатлон, дар Суғд 4 мактаб ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 мактаб сохта шудааст.  Инчунин, дар ҷумҳурӣ 86 адад биноҳои иловагӣ дар назди мактабҳо бунёд карда шудааст. 30 мактаб бошад аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Бо вуҷуди сохтмони мактабҳои нав дар ҷумҳурӣ 20 ҳазор ҷойи нишаст намерасад.                    То охири соли 2009 дар ҷумҳурӣ сохтмони 16 мактаби нав, 53 бинои иловагӣ дар назди мактабҳо ва таъмири асосии 6 мактаб ба анҷом расонида мешавад, ки аз рушди соҳаи маориф дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Август 31, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд