БО КӮМАКИ НАМОЯНДАГИИ ВКД ОИД БА КОРҲОИ МУҲОҶИРАТ

Август 25, 2009 11:03

                  Душанбе, 25 август, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои роҳбари яке аз гурӯҳҳои муҳоҷирати мехнатӣ дар вилояти Москваи ФР Ҳабиб Умаров, дар 7 моҳи соли ҷорӣ бо кӯмаки намояндагии ВКД ҶТ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар ФР дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия беш аз 1 млн. рубли русӣ аз корфармоён ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон баргардонида шуд.                  Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, соли ҷорӣ беш аз 500 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба унвонии намояндагии ВКД ҶТ дар ФР бо ариза муроҷиат намуданд, то ки корфармоён маблағҳои муҳоҷирони меҳнатиро, ки беш аз 18 миллион рубли русиро ташкил медиҳад, пардохт намоянд.                  Дар натиҷаи андешидани чораҳои махсус бо кӯмаки кормандони ниҳодҳои давлатии ФР ва намояндагии ВКД ҶТ чоряк қисми маблағҳои аз ҷониби корфармоён пардохт нашуда рӯёнида шуд.

Август 25, 2009 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд