БОЗ ЯК ФОҶИА АЗ БЕЭҲТИЁТӢ

Август 26, 2009 15:09

                 Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 25 августи соли равон соати тақрибан 8 — и субҳ ронандаи автомашинаи тамғаи «Оpel-Vеktra» рақами давлатиаш ЕВ 83 13 РТ 01 Исмоилҷон Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе — Ваҳдат дар наздикии деҳаи Пистамазор, пиёдагард Тоҷинисо Қодирова, соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъро зер кардааст. Ҷабрдида ҷароҳати сахти ҷисмонӣ гирифта дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расид.  

Август 26, 2009 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид