ЧАНД ХАБАРИ КӮТОҲ АЗ ХОРИҶИ КИШВАР
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бар асари бемории вабо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия сарҳадашро бо ин кишвар зери назорати катъӣ нигоҳ медорад. *** Эмом хатиби Тошканд қорӣ Анвар Турсунов ҳангоми сӯиқасд ба ҷонаш аз ҷониби ашхоси номаълум бо корд захмӣ гардид. *** Сохтмони газопроводи нави Туркманистон — Эрон барои иловатан дар як сол интиқол додани 14 млн. метри кубӣ газ ба Эрон оғоз ёфт. *** Роҳзанҳои баҳрӣ дар соҳилҳои давлати Нигерия ба киштии давлати Туркия ҳуҷум оварданд. *** Дар Федератсияи Русия расман 55 ҳолати бемории «зукоми хук» ба қайд гирифта шудааст. *** Котиби генералии Иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ҷаноби А.Рамуссен ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ кард. *** Охирин се шаҳрвандони Федератсияи Русия аз зери асорати роҳзанҳои баҳрии давлати Сомалӣ озод карда шуданд. *** Вазорати маориф ва илми Қазоқистон шакли ягонаи имтиҳони миллиро баррасӣ мекунад. *** Президенти ФР Дмитрий Медведов генерал — лейтинант А. Швайченкоро ба вазифаи фармондеҳи қувваҳои ракетии таъиноти махсус таъин намуд. Президентҳои ФР ва Ҷумҳурии Қирғизистон барои ҷой додани шумораи иловагии қувваҳои низомӣ дар қисмати ҷанубии Қирғизистон ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расониданд. *** Вазорати фарҳанги Туркманистон бо яке аз фирмаҳои туркӣ доир ба сохтмони осорхонаи таърихии Дашауз бо қимати 18 млн.доллари амрикоӣ шартнома ба имзо расонид. *** Дар Ҷумҳурии Қазоқистон мӯҳлати додани қарзҳои ипотекӣ то 1 -уми октябр дароз карда шуд.