ДАР ҶУМҲУРӢ 1 МЛН. ТОННА ҒАЛЛА ҶАМЪОВАРӢ МЕГАРДАД

Август 25, 2009 11:08

                   Душанбе, 25 август, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ ҷамъоварии 1 млн. тонна ғалла дар назар аст.                   То 17 — уми августи соли ҷорӣ аз майдони умумии 249,7 ҳазор гектар замини ғалладона 224,7 ҳазор гектар замини гандум даравида шудааст, ки баробари 90 фоизи нақша мебошад.                  Тибқи маълумоти фаврӣ, ҳосили умумии гандуми даравидашуда 567,5 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 257, 5 ҳазор тонна зиёд аст. Соли ҷорӣ ҳосилнокии ғалла аз 1 га ба 26,5 сентнерӣ расонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 8,1 сентнерӣ зиёд мебошад. Хоҷагиҳои ғаллакор боварӣ доранд, ки дар соли ҷорӣ миқдори умумии ҷамъоварии ғалла ба 1 миллион тонна расонида мешавад.

Август 25, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд