ДАР ХОРУҒ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ТӮЛ МЕКАШАНД

Август 7, 2009 10:21

                    Бадахшон, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).-Дирӯз бо иштироки муовинони Раиси вилоят, кормандони дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Бадахшон ситоди назди раиси вилоят доир гардид, ки дар он масъала оиди «Рафти иҷрои қарори раиси вилоят», «Дар бораи тасдиқ намудани нақша-тадбирҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба таҷлили ҷашни умумиҷумҳуривии «Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ» мавриди муҳокима қарор гирифт.                    Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Хушқадам Хушқадамов иттилоъ дод, ки дар аксарият иншооти ҷашнӣ ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар доираи лавҳа ва нақша хуб ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона, дар қисми иншооти ҷашнӣ суръати кор ба талабот ҷавобгӯй набуда, баъзан ба кашолакорӣ роҳ дода мешавад. Алалхусус суръати сохтмони биноҳои прокуратура, раёсати корҳои дохила, ассотсисатсияи боркашонӣ, таҷдиди роҳҳо мақсаднок ба роҳ монда нашуда, аз 36 адад бунгоҳҳои тиббӣ, ки то рӯзи ҷашн бояд мавриди истифода қарор гиранд, сохтмони як қисматашон ҳанӯз оғоз нагардидааст.

Август 7, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд