ДАР ХУҶАНД НИЗОМИ НАВИ ИҶОЗАТДИҲИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Хуҷанд, 12 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — 12 август дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба ин масъала, бо муовинони раиси шаҳру навоҳии вилоят, мудирони як қатор шӯъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят ва дигар сохторҳои дахлдор, семинар-машварат баргузор гашт. Намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) Аниса Шарипова қоидаҳои таҷдиди санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиб додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро шарх дода, ба саволхои иштирокдорони семинар оиди ин мавзӯъ равшанӣ андохт. Дар поёни ҷамъомад доир ба масъалаи мавриди назар муҳокимарониҳо сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






