ДАР НИМ СОЛ 81 МЛН. СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 81 млн. 456 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 8,3 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, суръати афзоиши маҳсулоти умумӣ дар соҳаи растанипарварӣ 7,8 фоиз, дар соҳаи чорводорӣ 9,8 фоизро ташкил дод. Дар ин муддат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 15209 тонна ғалла, 6740 тонна картошка, 5996 тонна сабзавот, 1710 тонна мева, 16442 тонна хӯроки чорво, 2550 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 4880 тонна шир, 3 млн.781 ҳазор дона тухм, 46 тонна пилла, 30 тонна пашм ва 33 тонна зағир истеҳсол карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки истеҳсоли картошка дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 15, 1 фоиз, сабзавот — 27, 3, мева — 16,2, гӯшт -9,8, шир — 2,9 фоиз ва тухм — 2, 4 баробар зиёд гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






