ДАР ПОЙТАХТ БЕМОРИ ГИРИФТОРИ ТАБЛАРЗАИ ХУНИН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Август 12, 2009 11:26

                   Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар шаҳри Душанбе бемори гирифтори табларзаи хунин ба қайд гирифта шуд. Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шахси бемор 9 август ба шифохона муроҷиат кардааст. 10 август баъди ташхис бемории ӯ муайян карда шуд.                   Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июл дар ноҳияи Турсунзода аз бемории табларзаи хунин 3 нафар вафот кард, 2 бемори дигар зери назорати духтурон қарор дорад. Айни ҳол дар ин ноҳия 15 нафар бо гумони гирифтор шуданашон ба бемории табларзаи хунин табобат карда мешаванд.                    Соли 2007 дар мамлакат 20 нафар ва соли 2008 — ум 14 нафар ба бемории мазкур гирифтор шуда буд.

Август 12, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд