ДАР ПОКИСТОН СИЛОҲБАДАСТОНИ РУСИЯ ДАСТГИР ШУДАНД

Август 29, 2009 10:23

                 Исломобод, 29 август. (АМИТ «Ховар» — лента.ру).- Политсияи Покистон чанд рӯз пеш гурӯҳи 12 нафараи силоҳбадастони зархариди хориҷиро дастгир намуд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Русия низ мебошанд.                  Агентии иттилоотии Ассошиэйтед Пресс хабар медиҳад, ки дар байни дастгиршудагон ғайр аз русҳо, инчунин шаҳрвандони Судон, Туркия ва Эрон ҳастанд. Намояндаи политсияи Покистон дар бораи шахсони дастгиршуда маълумоти муфассал надода, танҳо таъкид намуд, ки онҳо бо ҷунбиши «Толибон» шарик мебошанд. Аз силоҳбадастон дастгоҳи навтарини компютер ва маблағи калони пул бо доллари ИМА мусодира карда шуд.                 Хабар дода мешавад, ки силоҳбадастон аз Эрон ғайриқонунӣ ба Покистон гузашта, мехостанд ба вилояти Вазиристони ҷанубӣ раванд. Тавре ки маълум аст, пойгоҳи асосии шӯъбаи покистонии «Толибон» дар ҳамин ҷо воқеъ мебошад.                 Солҳои охир дар Покистон бо гумони ҳамдастӣ бо «Толибон» ва «Алқаёда» бештар аз 1000 нафар дастгир карда шуд, инчунин даҳҳо қумондонони дастаҳои силоҳбадастон нобуд карда шуданд. Роҳбари дуюми созмони «Алқаёда» Аймон Алзавоҳирӣ ва роҳбари шӯъбаи покистонии «Толибон» Байтулло Мақсуд аз ҳамин ҷумлаанд.                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 29, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд