ДАЪВАТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

Август 7, 2009 15:20

                    Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамаи воситаҳои ахбори оммавии мамлакатро даъват намуд, ки дар инъикоси ҷараёни маъракаи доругузаронӣ ба организми бачагон барои пешгирии бемориҳои гул ва сурхча фаъолона саҳм гузоранд, ки аз 28 сентябр то 12 октябр гузаронида мешавад.                    Иттифоқи журналистони Тоҷикистон воситаҳои ахбори оммавиро даъват менамояд, ки ташвиқоту тарғиботро дар байни аҳолӣ бо мақсади фаҳмонидани моҳияти маъракаи доругузаронӣ пурзӯр намоянд ва онро аз нуқтаи назари тахассусӣ шарҳу эзоҳ диҳанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки тибқи нақша дар давоми маърака бояд ба организми қариб 25 миллион кӯдакон ва наврасони аз 1 то 14 сола дору гузаронида шавад. Ин маърака бо мақсади наҷот додани ҳаёти бачагон ва муҳайё сохтани шароит барои ҳаёти солими онҳо гузаронида мешавад.                    Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, ки ҳар рӯз дар саросари ҷаҳон аз бемориҳои гул ва сурхча қариб 650 кӯдак ва наврас вафот мекунад. Бояд гуфт, ки ин бемориҳо дар Тоҷикистон солҳои 2002 ва 2003 хеле зиёд паҳн шуда буданд.  

Август 7, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд