ДАВРИ АВВАЛИ ГУЗАРИШ БА ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББИИ ПУЛАКӢ

Август 28, 2009 08:50

                     Хуҷанд, 28 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори шӯъбаи ислоҳоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд Даврон Мадаминов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки мувофиқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2 декабри соли 2008 «Дар бораи расондани хизматҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии тиббӣ» аз 1 июли соли 2009 дар чор шифохонаи вилояти Суғд — шифохонаи муттаҳидаи рақами 1 — уми шаҳр, шифохонаи бемориҳои дили вилоят, шифохонаи клиникии вилоят ва шифохонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ хизматрасонии тиббии пулакӣ ҷорӣ карда шуд.                  Д.Мадаминов афзуд, ки ин даври аввали гузаштан ба хизматрасонии пулакӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Инчунин, тибқи қарори Ҳукумат, хизматрасонии пулакии тиббӣ дар чанд ноҳияи ҷанубии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Нархи хизматрасонии тиббӣ тибқи ҳамин қарори ҳукумат муайян карда шудаанд. Ба қавли Д.Мадаминов, ҷорӣ намудани хизматрасонии пулакии тиббӣ сабаби беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардондани шароити кору фаъолияти муассисаҳои тиббӣ хоҳад гашт. Пули хизматрасонии тиббӣ дар асоси нархномаи муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ гирифта мешавад, ки бо Агентии зиддиинҳисоротии ҷумҳурӣ мувофиқа карда шудааст. 10 фоизи пули хизматҳои тиббии пулакӣ ба ҳисоби андоз, 40 фоизи он барои зиёд кардани маоши кормандони тиб ва қисми боқимонда барои харидани асбобу анҷоми зарурии тиббӣ барои шифохонаҳо сарф карда мешавад.                    Сардухтури Шифохонаи муттаҳидаи рақами 1 — уми шаҳри Хуҷанд Абдусалом Ваҳҳобов зикр намуд, ки ба баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ, аз ҷумла, иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони дигари бо онҳо ҳуқуқи баробардошта, бачагони то 1 сола ва бачагони гирифтори бемориҳои исҳоли хунин ва зиқи нафаси то сесола, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, диабети қанд, беморони оилаҳои камбизоат ва ғайра комилан бепул хизмат расонда мешавад. Қайд карда шуд, ки маблағи умумии хизматрасонии тиббӣ дар Шифохонаи муттаҳидаи рақами 1 — уми шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 26 сомониро ташкил медиҳад.

Август 28, 2009 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд