ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН БОЯД ЧӢ ГУНА ИДОРА КАРДА ШАВАД?
Душанбе, 28август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар Душанбе оид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқи идоракунии бахши энергетикии Тоҷикистон вохўрии кории байналмилалӣ баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, тадқиқот аз тарафи Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, коршиносони соҳаи энергетика, қонунгузорӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ гузаронда шудааст. Дар вохўрии корӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои энергетикӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, намояндагони ширкатҳои энергетикии хориҷӣ иштирок мекунанд. Дар чаҳорчўбаи вохўрӣ ҳисоботи гурўҳи тадқиқотӣ оид ба Тоҷикистон, ки идоракунии бахши энергетикиро дар мамлакат, инчунин дараҷаи иштироки аҳли ҷомеа, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва қонунии раванди сиёсиро дар идоракунии энергетикаи барқӣ, арзёбии идоракунии бахши энергетикаи барқӣ, ҷанбаҳои иҷтимоиро дар бахши энергетикаи барқӣ инъикос менамояд, пешниҳод карда мешавад. Институти Умумиҷаҳонии Захираҳо (Вашингтон, ИМА), Институти Миллии «Молия ва сиёсати ҷамъиятӣ» (Ню-Деҳли, Ҳиндустон) ва Прайяс Энерджи Групп (Пуна, Ҳиндустон) барои арзёбии самаранокии идоракунии бахши таъмини барқ таҳти унвони «Electricity Governance Indicator Toolkit" (EGI) маҷмўи индикаторҳоро таҳия намудаанд. Маҷмўи индикаторҳои EGI аз гурўҳи масъалаҳое иборат аст, ки ба принсипҳои зерини идоракунии самарабахш мансуб мебошанд: шаффофият, иштирок, ҳисоботдиҳӣ ва иқтидор барои қабул намудани қарорҳо. Онҳоро дар ҳамаи мамлакатҳо сарфи назар аз вазъи сиёсию иқтисодиашон дар амал татбиқ кардан мумкин аст.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






