ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ ДАР ТОҶИКИСТОН БА КОР ШУРӮЪ НАМУД

Август 6, 2009 09:39

                  Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). — Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи В.М.Ломоносов дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард. 28 июл дар ин ҷо нахустин имтиҳоноти қабули донишҷӯён баргузор гардид. Мудири иҷроияи донишгоҳи мазкур Ҳайдар Одинаев зимни сӯхбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Людмила Дубинина дар бораи рафти тайёрӣ ба имтиҳоноти қабул, ҳайати комиссияи кабул, тарзи гирифтани имтиҳон ва ҳайати омӯзгорони донишгоҳ маълумот дод.                    Вай аз ҷумла зикр кард, ки баъди эълони қабул ба донишгоҳ теъдоди зиёди довталабон ба он ҳуҷҷат супориданд. Аз байни онҳо ҳуҷҷатҳои 149 нафар интихоб карда шуд. Ба донишгоҳ асосан хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Ёвон, Норак, Ваҳдат ва Ғончӣ ҳуҷҷат супориданд.Бо фармони муовини раиси Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар Душанбе комиссияи қабул ташкил карда шуд. Ба комиссия дотсенти факултаи механикаю математикаи донишгоҳ Сурен Степанян, омӯзгори ҳамин факулта Парвиз Раҳмонов, мудири кафедраи збони русии Маркази таҳсили байналхалқии донишгоҳ Вера Степаненко, омӯзгори калони забонҳои хориҷии донишгоҳ Владимир Козлов, омӯзгори факултаи геологияи донишгоҳ Дмитрий Ошкин ва дигарон шомил карда шуданд. Раиси комиссияи имтиҳоноти қабул, ректори филиали донишгоҳ, дотсенти факултаи геологияи он Алексей Раймерс ва муовини ӯ ман будам, ки вазифаи мудири иҷроияи филиали донишгоҳро ба ӯҳда дорам, гуфт Ҳ.Одинаев.                  Мудири иҷроияи филиали донишгоҳ зикр намуд, ки имтиҳоноти қабул дар Душанбе мувофиқи қоидаҳои қабули Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов гузаронида шуданд. Тавре ки маълум аст, дар донишгоҳ имтиҳоноти қабул на аз рӯи санҷиши тестӣ, балки мувофиқи тартиботи муқаррарӣ, яъне гирифтани саволномаҳо, навиштани иншо ва саволу ҷавоб гузаронида мешавад. Покетҳои саволномаҳо бевосита дар оғози имтиҳон кушода шуданд. Ҳадафи асосии аъзои комиссия ба Донишгоҳ қабул кардани ҷавонони донишманду боистеъдод ва донандагони хуби забони русӣ буд. Мутаассифона бояд гуфт, ки теъдоди хеле ками дохилшавандагон забони русиро мувофиқи талаботи имрӯза медонистанд.                    Қайд карда шуд, ки имсол ба ду факултаи донишгоҳ 45 донишҷӯ қабул карда шуд. Донишҷӯёне, ки мувофиқи қарордод таҳсил мекунанд, дар давоми сол бояд 2000 доллари ИМА пардозанд. Бояд гуфт, ки ҳаққи таҳсил дар худи Донишгоҳи давлатии Маскав 6000 доллари ИМА мебошад. Вале маъмурияти донишгоҳ шароити зиндагии мардуми Тоҷикистонро ба назар гирифта, ҳаққи таҳсилро арзонтар намуд. Қайд кардан лозим аст, ки донишҷӯён ҳаққи таҳсилро қисм — қисм дар давоми сол супорида метавонанд. Ба донишҷӯёне, ки аз имтиҳоноти зимистона нагузаштаанду вале пули таҳсилро супоридаанд, як қисми он баргардонда мешавад.                  Ҳ.Одинаев афзуд, ки 70 фоизи омӯзгорони филиали донишгоҳ аз Маскав даъват шудаанд ва 30 фоизи онҳо аз ҷумлаи омӯзгорони варзидаи маҳаллӣ интихоб карда шуданд. Машғулиятҳо дар филиали донишгоҳ 15 сентябр оғоз меёбанд. Бинои филиал алҳол тармим карда мешавад, машғулиятҳо муваққатан дар ҷои дигар гузаронида мешаванд. Тибқи нақша, соли равон дар донишгоҳи мо китобхонаи электронӣ кушода, ҳамаи синфхонаҳо бо мебел ва техникаи компютерӣ таъмин карда хоҳанд шуд. Бо ин мақсад аз ҳисоби Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов маблағи зарурӣ ҷудо карда шудааст.                 Мудири иҷроияи филиали донишгоҳи давлатии Маскав дар фарҷоми сӯҳбат дохилшавандагони ояндаи донишгоҳро даъват намуд, ки ба имтиҳоноти қабул пешакӣ ва ҳамаҷониба тайёр шаванд. Онҳо бояд барои қабул ба донишгоҳ пеш аз ҳама забони русиро хеле хуб ёд гиранд. Филиали донишгоҳ дар ин бобат ба онҳо кӯмак мерасонад. Дар ин ҷо барои тайёр кардани дохилшавандагон курсҳои пулакии тайёрӣ кушода хоҳанд шуд.                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А.    

Август 6, 2009 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад