ФУТБОЛБОЗОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА КАТМАНДУ МЕРАВАНД

Август 7, 2009 14:24

                  Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар қароргоҳи марказии Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур (Малайзия) ҷой ва мӯҳлати гузаронидани қувваозмоиҳои алоҳидаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё барои футболбозони то синни 16 сола муайян карда шуд. Дар ин қувваозмоиҳо 45 даста иштирок мекунанд. Дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон дар натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи В шомил гардид. Акнун футболбозони навраси Тоҷикистон ба Катманду мераванд. Онҳо дар ин ҷо бо футболбозони навраси Эрон, Баҳрайн, Лубнон, Непал ва ҷазираҳои Мандив қувваозмоӣ хоҳанд кард.  

Август 7, 2009 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд