ГӮШТИНГИРОН ДАР РӮШОН ҚУВВА МЕОЗМОЯНД

Август 10, 2009 14:36

                 Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз 15 то 16 августи соли равон мусобиқаи кушоди инфиродии ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ ба хотири гиромидошти А. Олимов дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ гузаронида мешавад.                 Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз руи вазнҳои 55, 60, 65, 70, 75, 80, 86, 95 кг ва дар вазни мутлақ иштирок мекунанд.                  Дар он аз вилояти Суғд 1 даста, вилояти Хатлон 2 даста, ВМКБ 3 даста, ноҳияи Рӯшон 1 даста, шаҳри Душанбе 3 даста, мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намуди гӯштин 1 даста қувваозмоӣ мекунанд.                 Ғолибони мусобиқа, бо диплому медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Август 10, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад