ГАРДИШИ МОЛ ДАР СЕКТОРИ САВДОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ

Август 12, 2009 08:16

              Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар нимсолаи якуми соли 2009 ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва ашхоси воқеӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 2587,9 млн. сомонӣ мол фурӯхтанд.              Гардиши мол дар савдои чаканаи корхонаҳои расмии ба қайд гирифташуда 187,7 млн. сомониро ташкил дод.              Корхонаҳои кооператсияи матлубот ба маблағи 50,6 млн. сомонӣ мол фурӯхтанд.Таносуби гардиши мол дар сектори савдои ғайридавлатӣ дар моҳҳои январ — июли соли 2009 — ум 98, 9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил дод.              Ҳаҷми умумии гардиши мол дар савдои чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ 2508,9 млн. сомониро ташкил дод.              Дар ин давра ба маблағи 280,5 млн сомонӣ чорвои зинда, 98,2 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш ва сабукрав, 215,5 млн. сомонӣ маҳсулоти нафт фурӯхта шудааст.  

Август 12, 2009 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд