ГУРӮҲИ КОРИИ ҲАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ БА АРАБИСТОНИ САУДӢ РАФТ

Август 25, 2009 09:22

                  Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз, 24 августи соли равон, ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ба шаҳри Ар-риёди Арабистони Саудӣ сафари хидматӣ намуд.                  Зимни сафар масъалаи ба имзо расонидани ёддошти тафоҳум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо иштироки Хадамоти муҳоҷирати ҳар ду ҷониб, инчунин Комиссияи миллӣ ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Арабистони Саудӣ баррасӣ хоҳад шуд.                    Масъалаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷик ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қаблан дар мулоқоти кори намояндагони Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии шаҳрвандони хориҷии Шӯрои палатаи савдо ва саноати иy кишвар ва хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида буд.                    Ҳанўз моҳи июни соли 2008-ум ҳайати гурўҳи намояндагии Комиссияи миллӣ роҷеъ ба таъмин намудани ҷойҳои корӣ бо роҳбарии ҷаноби Ал-Бадањ оиди омўзиш ва ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин ба тасвиб расонидани созишнома миёни Тоҷикистону мамлакати Арабистони Саудӣ ба Душанбе сафар намуда буданд.                  Лозим ба ёдоварист, ки ташрифи ҳайати гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати Арабистони Саудӣ бо даъвати мақомоти марбутаи ин кишвар, аз 25 август то 2 сентябри соли 2009-ум идома хоҳад ёфт.    

Август 25, 2009 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд