ХАБАРИ БАРДУРӮҒИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВИИ РУСИЯ
Маскав, 6 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Воситаҳои ахбори оммавии Русия чанд рӯз пеш хабар доданд, ки гӯё дар шаҳри Маскав байни мардикорони Тоҷикистону Қалмиқистон задухӯрди калон рух дода бошад. Вале аз намояндагии раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки хабари мазкур ягон асосии воқеӣ надорад ва мардикорони тоҷик бо мардикорони Қалмиқистон задухӯрд накардаанд. Ба қавли сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Черёмушкии шаҳри Маскав рӯзи якшанбеи 2 август соати 21 — у 50 дақиқа дар кӯчаи Профсоюзная дар надикии бинои № 40 дар натиҷаи муноқишаи ду мардикори тоҷику қирғиз шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ гардид ва ба шифохона фиристода шуд. Айни ҳол вазъияти саломатии ӯ қаноатбахш мебошад. Сабабҳои муноқишаи мардикорони тоҷику қирғиз аз тарафи кормандони милиса муқаррар карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






