ХОСИЯТ ВАЛИЗОДА МУХЛИСОНИ ХУДРО ШОД ХОҲАД ГАРДОНД

Август 7, 2009 10:33

                  Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бахшида ба 110-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Саидалӣ Вализода имрӯз дар ноҳияи Ховалинг маҳфили адабии шоираи маъруфи Тоҷикистон Хосият Вализода баргузор мегардад. Дар он аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов, шоири маъруф Ҳақназар Ғоиб ва мухлисони Х. Вализода иштирок менамоянд.                  Дар маҳфил иштирокчиён дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоира суханронӣ менамоянд.  Хосият Вализода шеърҳои тозаэҷоди худро пешкаши ҳаводорон намуда, табъи онҳоро баланд хоҳад намуд.                 Хосият Вализода муаллифи як қатор маҷмӯаҳои шеърӣ буда, барои хизматҳояш дар рушди адабиёти тоҷик бо нишони «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.

Август 7, 2009 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд