ИҚДОМИ НАҶИБИ РОҲБАРИЯТИ «НАССОҶИИ ТОҶИК»
Душанбе, 24 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи соли нави хониш дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт боз як мактаби хусусии таҳсилоти ибтидоии рӯзаш бардавом дари худро ба рӯи донишомӯзон боз менамояд. Мактаби мазкур бо иқдоми Раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нассоҷии Тоҷик» Анвар Қурбонов барои 120 нафар талаба сохта шудааст. Тибқи иттилои сарвари мактаб Маҳмадназар Суяров, таҳсил дар мактаб дар асоси барномаи таълимии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, дар он талабаҳои синҳои 1 то 4 ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Мактаб аз ду ошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизот ва ашёи хониш ҷиҳозонида шудааст. Ҳамзамон, мактаб дорои толори компютерӣ, майдончаи варзишӣ ва ошхона аст, ки талабаҳо дар як рӯз ду маротиба бо хӯроки гарм таъмин мегарданд. Мактаби таҳсилоти ибтидоии рӯзаш бардавом бо фарогири машғулиятҳо то соати чори бегоҳ талабагонро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Маблағи солонаи таҳсил барои як нафар талаба 330 доллари америкоист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






