ИНТИХОБИ КИТОБХОНА ВА КИТОБДОРИ БЕҲТАРИН

Август 7, 2009 16:44

                       Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ дар доираи озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо барои дарёфти унвони «Чароғи ҳидоят» кумита таъсис дода шудааст. Айни ҳол аъзоёни кумитаи мазкур дар ҳама китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои муайан кардани беҳтарин махзани илму маърифат санҷиш гузаронида истодаанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар вазорат хабар доданд, озмун дар ду марҳила гузаронида шуда, марҳилаи аввал то 20 сентябр анҷом хоҳад ёфт. Дар марҳилаи дуюм озмун байни ғолибони марҳилаи аввал гузаронида мешавад.Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур аз 1 июли соли ҷорӣ эълон шудааст. Натиҷаҳои марҳилаи дуввум дар арафаи ҷашни 15-солагии Конститутсияи ҷумҳурӣ ҷамъбаст карда мешавад. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.                     Ғайр аз ин ҳайати доварон панҷ китобдори беҳтаринро интихоб намуда, онҳоро низ бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз мегардонанд.  

Август 7, 2009 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд