ИНТИХОБИ КИТОБХОНА ВА КИТОБДОРИ БЕҲТАРИН
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ дар доираи озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо барои дарёфти унвони «Чароғи ҳидоят» кумита таъсис дода шудааст. Айни ҳол аъзоёни кумитаи мазкур дар ҳама китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои муайан кардани беҳтарин махзани илму маърифат санҷиш гузаронида истодаанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар вазорат хабар доданд, озмун дар ду марҳила гузаронида шуда, марҳилаи аввал то 20 сентябр анҷом хоҳад ёфт. Дар марҳилаи дуюм озмун байни ғолибони марҳилаи аввал гузаронида мешавад.Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур аз 1 июли соли ҷорӣ эълон шудааст. Натиҷаҳои марҳилаи дуввум дар арафаи ҷашни 15-солагии Конститутсияи ҷумҳурӣ ҷамъбаст карда мешавад. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда хоҳанд шуд. Ғайр аз ин ҳайати доварон панҷ китобдори беҳтаринро интихоб намуда, онҳоро низ бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз мегардонанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






