ИСТИФОДАИ МАНБАЪҲОИ ҒАЙРИМУҚАРРАРИИ ЭНЕРГИЯ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Маркази таҳқиқу истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Пажӯҳишгоҳи физикию техникии ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар доираи барномаи умумии истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, дарёҳои хурду миёна, офтоб, шамол, гармии обҳои зеризаминӣ ва ғайра таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешавад. Кормандони пажӯҳишгоҳ айни ҳол роҳу усулҳои истифодаи манбаъҳои ғайримуқаррии энергияро таҳқиқ менамоянд. Директори марказ Қурбонҷон Кабутов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷараёни тадқиқоти илмӣ роҳу усулҳои истифодаи қувваи офтоб, қувваи об, фотоэлементҳо, қувваи шамол ва партови саноати озуқаворӣ барои истеҳсоли қувваи барқ ва гармӣ санҷида мешаванд. Дар доираи барномаи мазкур се дастгоҳ — бухории барқии офтобӣ, дастгоҳи обгармкунандаи офтобӣ ва дастгоҳи табдилдиҳандаи қувваи офтоб ба қувваи барқ сохта шуданд ва ба тариқи таҷриба дар худи пажӯҳишгоҳ истифода карда мешаванд. Қ.Кабутов афзуд, ки мувофиқи қарордоди бо Хазинаи Оғохон имзошуда дар баъзе ноҳияҳои Кӯҳистони минтақаи Кӯлоб аз манбаъҳои ғайримуқаррарии энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва Ховалинг 15 бунгоҳи фотоэлектрикии барқӣ, чор дастгоҳи шамолии истеҳсолкунандаи қувваи барқ ва чор системаи истеҳсолкунандаи газ аз партови озуқаворӣ сохта шудаанд ва ояндаи наздик ба кор дароварда мешаванд. Мутахассисони мо ба аҳолии маҳаллӣ роҳу усулҳои истифодаи дурусти технологияи нави ба даст овардани қувваи барқ ва гармиро аз манбаъҳои ғайримуқаррарии энергия меомӯзанд, гуфт дар хотима Қ.Кабутов. Тарҷумон — Қудратов А.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






