КӢ БА ФЕСТИВАЛИ «ТАРОНАҲОИ ШАРҚ» МЕРАВАД?

Август 26, 2009 12:12

               Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 25 август дар шаҳри Самарқанд VII Фестивали байналмилалии мусиқавии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид. Фестивали байналмилалии мусиқавии «Таронаҳои Шарқ» — озмуни мусиқӣ, сурудхонӣ ва рақси миллӣ буда, дар он санъаткорони 40-50 кишвари дунё ширкат меварзанд. Ин фестивал ҳар ду сол як маротиба дар майдони «Регистон»-и Самарқанд доир мегардад.               Сардори Раёсати санъати Вазорати Фарҳанги ҶТ Гулмурод Малиев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ин фестивали байналмилалии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон овозхони маъруф аз шаҳри Хуҷанд Малоҳат Абдушукурова иштирок мекунад.               Мавриди зикр аст, ки Фестивали байналмилалии мусиқавии «Таронаҳои Шарқ» соли 1997, бо мақсади нишон додани дастовардҳои назарраси мусиқӣ, ҳифзи анъанаҳои санъати миллӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва густариши минбаъдаи муносибатҳои фарҳангии байналмилалӣ, бо ибтикори Ҳукумати Ӯзбекистон ташкил шудааст.               Солҳои қаблӣ дар ин фестивал танҳои ҳунармандони шашмақомсаро иштирок мекарданд. Имсол бошад ба ин фестивали байналмилалӣ сурудҳои халқӣ ва эстрадӣ низ шомил карда шуд.               Барандагони ҷоизаи Фестивали байналмилалии мусиқавии «Таронаҳои Шарқ» бо маблағи аз 3 ҳазор то 10 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.   

Август 26, 2009 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд