КӮЧАЮ БОЗОРҲО ВА ДАРЁҲОРО ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ!

Август 31, 2009 15:39

                   Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). — Фаъолони ҷунбиши экологии ҷавонон — «Табиатдӯстони ҷавон» 29 август бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт бо мақсади ошкор намудани ҳодисаҳои қонуншиканӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, олуда сохтани оби дарёҳо ва партофтани ахлот дар ҷойҳои мамнӯъ тафтиш гузарониданд.                    Роҳбари ҷунбиши экологии ҷавонон Умед Улуғов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷараёни тафтиш бо сокинони маҳаллӣ, коргарони корхонаҳо ва мағозаю бозорҳо дар бораи тоза нигоҳ доштани муҳити зист сӯҳбатҳо гузаронида шуд.                   Вай қайд кард, ки зимни тафтиш дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар наздикии бинои Амфитеатр партовгоҳи ахлот мушоҳида карда шуд. Сокинони биноҳои атроф ба қоидаҳои муқарраршуда риоя накарда, хазони ҷамъшударо бевосита дар кӯчаҳо оташ зада, хокрӯба ва ахлотро дар ҳавлии Амфитеатр партофтаанд. Соҳибони дӯкону мағозаҳо ахлотро бевосита ба ҷӯй мепартоянд. Вазъияти санитарии ошхонаю чойхонаҳои ин маҳалла ниҳоят ташвишовар аст, гуфт аъзои ҷунбиши «Табиатдӯстони ҷавон», талабаи мактаби №25 Оламафрӯзи Қурбоналӣ. Вай зикр намуд, ки талабагони синфҳои болоии мактаб ҳамроҳи кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва кормандони милитсияи экологӣ маҳаллаҳои шаҳрро аз кӯчаи «Дӯстии халқҳо» то минтақаи «километри нӯҳум» аз назар гузарониданд. Рӯзи тафтиш дар бисёр гузару маҳаллаҳо сокинони маҳаллӣ шанбегӣ ташкил намуда, маҳалли зисти худро тоза мекарданд.                   Ҳамон рӯз инчунин дар маркази шаҳр, аз ҷумла, атрофи Театри опера ва балет, кӯчаи Чехов — атрофи бозори Шоҳмансур, бозори «Султони кабир» ва ноҳияи Фирдавсӣ тафтиш гузаронида шуданд. Муқаррар карда шуд, ки сокинони маҳалҳои соҳили дарёи Душанбе хазон ва ахлотро ба дарё мепартоянд. Дар натиҷа оби дарё ниҳоят ифлос гардидааст.                 У.Улуғов зикр кард, ки минбаъд чунин тафтишҳо дар шаҳр мунтазам гузаронида шуда, онҳое, ки кӯчаю майдонҳо ва ҳавзаҳои обро ифлос мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.                                                                                              Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 31, 2009 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд