КӮМАКИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН

Август 5, 2009 11:48

               Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Бонки рушди Осиё ду барномаи расондани кӯмаки молиявиро ба Тоҷикистон ба маблағи 60 миллион доллари ИМА тасдиқ намуд. Дар ин бора намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро зимни сӯҳбат бо журналистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.               Аз ин маблағ 20 миллион доллари ИМА барои тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-сарҳади Қирғизистон сарф карда мешавад. Тоҷикистон барои тармими роҳи мазкур 5 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст. М. Оҷиро афзуд, ки 40 миллион доллари маблағи кӯмак барои бартараф кардани оқибати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар Тоҷикистон сарф карда мешавад.              Қайд карда шуд, ки Бонки рушди Осиё айни ҳол ҳамроҳи Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳамкориро дар давраи 3 соли оянда тартиб медиҳад.              Тибқи барнома, Бонки рушди Осиё солҳои оянда ба Тоҷикистон боз ба маблағи 74 миллион доллари ИМА кӯмак хоҳад расонд. Маблағи кӯмак барои беҳтар сохтани вазъияти соҳаи энергетика, пешрафти соҳаи нақлиёт ва иҷрои нақшаҳои ислоҳоти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт сарф хоҳад шуд.               Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон аз соли 1998 то имрӯз ба маблағи 443 миллион доллари ИМА қарз додаст ва кӯмаки техникӣ расондааст.

Август 5, 2009 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд