«КАФОЛАТ» КАФОЛАТИ ДОНИШОМӮЗӢ МЕДИҲАД

Август 21, 2009 12:00

                     Душанбе, 21 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Кафолат» чунин ном гирифтааст гимназияи хусусии тоҷикӣ -русӣ, ки дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе дар остонаи соли нави хониши 2009-2010 қомат афрохт.                      Назар ба иттилои сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов гимназияи хусусӣ бо ибтикори соҳибкор аз шаҳри Душанбе Исматулло Исоев барои 400 хонанда бунёд карда шудааст. Бинои гимназия чорошёна буда, дорои тамоми шароитҳои зарурӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалист. Ба хонандагон дар муддати рӯз ду маротиба хӯроки гарм дода мешавад. Дар гимназия талабаҳо аз синфи 1 то синфи 7 таҳсил менамоянд. Дар оянда дар гимназия таҳсили 12-сола ҷорӣ карда хоҳад шуд. Таҳсил аз рӯи реҷаи бардавом яъне бо дарбар гирифтани машғулиятҳои амалӣ ҷараён гирифта, то соати чори рӯз идома меёбад.                    Ҳамчунин, Ш. Исломов афзуд, ки дар пойтахт дар маҷмӯъ то соли нави хониш боз се мактаби хусусӣ ба истифода дода мешавад. Гимназияи «Ҳиммат» ва «Ҳотам ва ПВ» шаҳодати ин гуфтаҳост.                   Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ сохтмони мактабҳои хусусӣ афзоиш меёбад. Зеро тибқи қарори қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе соҳибкорон ва дигар шахсони инфиродӣ, ки дар пойтахт мактаб месозанд аз супоридани андозҳои маҳаллӣ озод мебошанд.  

Август 21, 2009 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд