КАРАҶ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОДАРИ ХУДРО МЕҶӮЯД

Август 11, 2009 10:28

                   Душанбе, 11 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик дар назараст, ки шаҳри Караҷи Эрон бо шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон риштаи бародаршаҳрӣ пайвандад. Ин масъала дар ҷаласаи анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, ки дар муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон бо ҳузури муовини раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон Аҳмадпур ва намояндаи шаҳрдории Караҷ Аҳмадӣ доир гардид, баррасӣ шуд.                   Назар ба иттиллои коршиноси тоҷик дар умури фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо, бародаршаҳр намудани Хуҷанду Караҷ иқдоми шаҳрдори Караҷ буда, он метавонад ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва иртибототи ин шаҳрҳо мусоидат намояд. Интизор меравад, ки ояндаи наздик як ҳайат аз шаҳри Хуҷанд бо даъвати шаҳрдори Караҷ ба ин шаҳр сафар намуда, тафоҳумномаи бародаршаҳриро ба имзо хоҳанд расонд. Ҳамзамон яке аз хиёбонҳои шаҳри Караҷ Хуҷанд номгузорӣ хоҳад шуд.                   Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Караҷ яке аз шаҳрҳои саноатии Эрон буда, аҳолияш 3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Караҷ вожаи форсӣ буда, маънояш кушода ва ҳуй аст. Ин шаҳр дар масофаи 30 километрии қисмати ғарбии Теҳрон воқеъ мебошад.

Август 11, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд