КИТОБХОНАИ РАҚАМИИ ЕВРАЗИЯ БУНЁД КАРДА МЕШАВАД

Август 13, 2009 14:44

                Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Тавре хабар дода шуда буд, дар пойтахти Тоҷикистон маҷлиси 24 — уми Шӯрои вазирони фарҳанги мамлакатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он аз ҷумла, барномаи ташкили китобхонаи рақамии мамлакатҳои иттиҳод муҳокима карда шуд. Аз соли 2006 сар карда, мувофиқи барномаи мазкур дар мамлакатҳои ИДМ китобхонаҳои электронӣ ва рақамӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, тӯли солҳои оянда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ толори хониши виртуалӣ кушода хоҳад шуд. Илова бар ин дар мамлакатҳои собиқи Шӯравӣ марказҳои китоб ва фарҳанги русӣ кушода мешаванд.                  Барои ин аз буҷети Вазорати фарҳанги Русия ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ маблағи зарурӣ ҷудо карда шуд. Барои ташкили чунин китобхонаҳо мутахассисони варзида заруранд. Бо ин мақсад Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ дар Маскав курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил намуд. Дар ин курсҳо кормандони китобхонаҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Август 13, 2009 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд