КОМПЮТЕРКУНОНИИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ

Август 25, 2009 08:54

                  Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз 22 августи соли ҷорӣ, аз тарафи Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ, ба Раёсатҳои тандурустии вилоятӣ ва муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тақсимоти 234 адад ва ба вилояти Хатлон 305 адад таҷҳизот компютерӣ, аз қабили принтер, факс ва ғайра оғоз гардид.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори оммаи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ Лайлӣ Аҳмадова хабар дод, нахустин компютерҳо ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон расонда шуд, ва рӯзи 25 август бошад, қисмати ҷудогашта барои вилояти Суғд расонда мешавад.                   Ёдовар мешавем, ки ин компютерҳо барои баҳисобгирии ҳолатҳои табобат шуда, шумораи беморони муроҷиат карда, хароҷоти тиббию санитарӣ ва корбарии молиявӣ хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошанд.                   Бо воридкунии техникаи нав ва компютерикунонии ахбороти воридшуда, кори мутахасисон ва кормандони муассисаҳои табобатии вилояти Суғду Хатлон беҳтар хохад гашт.                 Лозим ба тазаккур аст, ки кормандон ва сардухтурону муҳосибони муассисаҳои тиббӣ аз тарафи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ, омӯзонда шуданд. Ин усули нави корбарии молиявӣ ва омори тиббӣ ба дигаргуниҳое, ки бо воридсозии ислоҳоти соҳа ба амал омадаанду талаби замон мебошанд, кӯмаки зиёд мерасонад.  

Август 25, 2009 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд