КОРВОНИ КИТОБ БА ВОДИИ РАШТ РАФТ

Август 12, 2009 16:16

                       Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — «Корвони китоб», ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ташкил ёфта буд, озими ноҳияҳои водии Рашт гашт.                       Бо ҳамин корвон ба ноҳияҳои водии Рашт ба маблағи 38 ҳазор сомонӣ 13316 нусха китоб фиристода шуд. Китобҳо дар байни мактабҳо ва китобхонаҳои минтақа тақсим карда мешаванд.                       Зимни сафари корвон дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Рашт мулоқоту намоишгоҳҳо ва тадбирҳои дигари фарҳангӣ гузаронида мешаванд.                       Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки соли гузашта ба воситаи корвони китоб ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи 81 ҳазор сомонӣ бештар аз 25 ҳазор нусха китоб фиристода шуда буд.  

Август 12, 2009 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад