МАҶЛИСИ ГУРӮҲИ КОРШИНОСОНИ ИДМ

Август 12, 2009 13:06

                     Минск, 12 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Рӯзҳои 13 ва 14 август дар шаҳри Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он лоиҳаи қарорҳо дар бораи нақшаи ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар бобати вусъат додани истифодаи технологияи дурмасофа дар соҳаи маориф то соли 2012 ва ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба низомномаи намунавии давлатҳои ИДМ дар соҳаи таъминоти иттилоотии системаҳои маориф муҳокима карда мешаванд. Нақшаи мазкур барои дар амал татбиқ кардани барномаи рушди таҳсилоти ғоибона дар давлатҳои ИДМ тартиб дода шуда, амалӣ сохтани тадбирҳоро барои такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии усулу воситаҳои технологияҳои дурмасофаи маърифатӣ, анҷом додани тадқиқоти муштараки илмӣ дар соҳаи маълумоти ғоибона ва ғайраро пешбинӣ менамояд.                   Ба низомномаи мазкур вобаста ба тағйир додани самтҳои фаъолият ва барҳам додани Маркази сиёсати муқоисавии маърифатии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Акнун ҳалли масъалаҳои вусъати ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи истифодаи технологияҳои дурмасофаи таълим ба зиммаи Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» — и Федератсияи Русия гузошта хоҳад шуд.                                                                                                            Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 12, 2009 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд